Ссылки доступа

Расонаҳо: гуштигири 14-соларо дар Туркманистон баъди рад кардани бохт бо латту кӯб куштанд


Сулаймон Турсунбоев, гуштигири 14-соларо дар Туркманистон, баъди он ки нахост, ба корманди ВКД муҳорибаро бозад, латту кӯб карданд.

Баъди мусобиқа афроди ношинохта ӯро рабуда, то лаҳзаи марг лат карданд ва дар кӯча партофтанд, дар ин бора сомонаи Turkmen.news хабар медиҳад.

Волидони навраси кушташуда ба унвони президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов муроҷиатнома сабт ва муҷозоти гунаҳкоронро талаб карданд.

"Писари моро як гуруҳи одамон латту кӯб кардаанд, ба ӯ даст расонидан намешуд, вай гуфт, ки тамоми баданаш дард мекунад", - гуфтанд дар муроҷиати видеоӣ волидони гуштигир.

Шоҳидон мегӯянд, ин фоҷеи дар оғози моҳи феврал рух додааст. Пеш аз рақобат бо корманди ВКД аз Сулаймон мехоҳанд, ки гуштиро бозад, аммо вай рад мекунад.

Сулаймон Турсунбоев дар бемористон вафот кард.

XS
SM
MD
LG