Ссылки доступа

Дар Тоҷикистон пешниҳод кардаанд, муштариёни танфурӯшонро ҷазо диҳанд


Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки дар баробари занони танфурӯш, барои мардон ҳам ҷазои сахт дар назар гирифта шавад, зеро агар занон аз ҳисоби мардон "муштарӣ" надошта бошанд, чунин амал сурат намегирад.

Ҳилолбӣ Қурбонзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон рӯзи 17-уми феврал дар нишасти хабарӣ гуфт, "мардон ба унвони муштарӣ дар амали танфурӯшии занон гунаҳкор мебошанд". Пешниҳоди мазкур дар тарҳи ислоИн аст, ки ба гуфтаи ӯ, аз ин тарҳ барои сангин кардани ҷазо пуштибонӣ менамояд.

Дар Тоҷикистон барои танфурӯшӣ ҷазои маъмурӣ таъйин шудааст ва бар асоси банди 130-юми Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ зан ва ё духтаронро метавонанд аз 500 то 2000 сомонӣ ҷарима кунанд. Ва агар духтареро дар муддати як сол бори дувум барои ин кор дастгир кунанд, ҳақ доранд аз 10 то 15 рӯз ҳабс кунанд.

Ҳилолбӣ Қурбонзода афзуд, ки ин тарҳи қонун ҳамакнун дар баррасии вакилони порлумон аст ва бинобар ҳамин, аз шарҳи бештари муҷозоти дарназаргирифташуда худдорӣ мекунад.

Раиси Кумитаи занон ҳамчунин дар бораи тарҳи ислоҳшудаи Қонуни оила суҳбат кард, ки ҷазои маҳрум кардан аз ҳуқуқи падарӣ ва модариро барои "даллаҳо" ва соҳибони фоҳишахонаҳо пешбинӣ мекунад. Масъулини Кумитаи кор бо занон ва оила ба ин боваранд, ки талоши маҳрум кардани волидон аз ҳаққи падарӣ ё модарӣ метавонад, танфуруширо дар Тоҷикистон камтар кунад.

Шӯрои Маҷлиси намояндагон тарҳи ислоҳи қонунро рӯзи 11-уми январ баррасӣ кард ва интизор меравад, вакилон дар ояндаи наздик онро тасвиб кунанд. Масъулини Кумитаи кор бо занон ва оила мегӯянд, муаллифони тарҳи ислоҳ ба Кодекси оила вакилони порлумон мебошанд ва ин ниҳод ба ин тарҳ пешниҳодҳое кардааст.

"Дар рейдҳо мо ба гурӯҳи занҳо сӯҳбат кардем. Вақте ҷойҳои холии корӣ пешниҳод кардем то аз ин кор даст кашанд, дар посух гуфтанд, ки розӣ нестанд ва ин маблағи пешниҳодшударо дар як рӯз пайдо мекунанд", - гуфт раиси Кумитаи кор бо занон ва оила зимни ин нишасти хабарӣ.

Дар ҳамин ҳол, як масъули дигари ин ниҳод бо нигаронӣ гуфт, тибқи мушоҳидаи онҳо дар рейдҳо, сини заноне, ки даст ба танфурӯшӣ мезананд, хеле ҷавонтар шудааст.

Матраҳ кардани мавзӯи занони танфурӯш дар ҷомеаи суннатии Тоҷикистон солҳои охир чизи нав нест. Мақомот мегӯянд, аз роҳи “корҳои фаҳмондадиҳӣ” дар фикри ҷилавгирӣ аз афзоиши онҳо мебошанд. Аммо созмонҳои ҷамъиятӣ бештар ба набуди кор ва даромади занон ҳамчун сабаби афзоиши ин гуруҳ ишора мекунанд. Созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи кӯдакон мегӯянд, маҳрум кардани касе аз ҳақи падариву модарӣ бояд асоснок карда шавад.

XS
SM
MD
LG