"Барои Чин паёмаде хоҳад дошт ва Пекин инро медонад", - изҳор дошт Байден дар суҳбат бо интихобкунандаҳояш дар иёлати Висконсин.
Президенти ИМА дар ин вохӯрӣ, ки аз сӯи CNN ташкил шуда, дар он ҷонибдорони демократҳову ҷумҳурихоҳон ҷамъ шуда буданд, афзуд, "Чин хеле талош дорад, то раҳбари ҷаҳон шавад. Барои касби ин унвон онҳоро зарур аст, ки боварии кишварҳои дигарро низ ба даст оранд. То даме, ки онҳо дар фаъолиятҳои нақзкунандаи ҳуқуқҳои бунёдии инсон даст доранд, расидан ба ин мақом барояшон мушкил хоҳад буд".
Президенти Чин Сӣ Ҷинпин аз сӯи ҷомеаи ҷаҳонӣ барои интиқоли иҷбории уйғурҳо, қазоқҳо ва ақалиятҳои миллии дигари мусулмон дар минтақаи худмухтори Шинҷони он кишвар ба "марказҳои бозтарбияи сиёсӣ" мавриди интиқоди шадид қарор дорад.
Вале худи Пекин ин иддаоро рад карда, онҳоро "марказҳои бозомӯзии касбӣ" меномад.