Ссылки доступа

Комисияи вижае дар порлумони Қирғизистон кони тилои "Қумтор"-ро месанҷад


Вакилони порлумони Қирғизистон дар ҷаласаи рӯзи 17 феврал барои санҷиши фаъолияти кони тилои "Қумтор" комисияи махсус ташкил карданд.

Таъсиси комисияро ҷиноҳи порлумонии "Республика-Ата Журт" пешниҳод кард.

Жиргалбек Турусқулов, раиси ҷиноҳи мазкур гуфт, ҷомеа дар мавриди фаъолияти кони тилои "Қумтор" суолҳои зиёде дорад.

Дар ҳайати комисияи навташкилшуда 12 вакил шомил гардидааст.

Кони тилои "Қумтор"-ро ширкати Centerra Gold Inc. Канада коркард мекунад. Фаъолони мадании Қирғизистон мегӯянд, дар натиҷаи коркарди кон пиряхҳои атрофи он об мешаванд.

XS
SM
MD
LG