Ссылки доступа

Дар Қазоқистон мудири пешини бонки "Tengri Bank" боздошт шуд


Оҷонси назорати молии Қазоқистон гуфт, мудири пешини бонки тиҷории "Tengri Bank"-ро, ки аз ҳаққи амалиёти бонкӣ маҳрум шуда буд, боздошт кардааст.

Ержан Шайкенов 16 феврал боздошт шуда, ҷузъиёти парвандаи ӯ ба хотири "халал ворид нашудан ба раванди тафтишот" ошкор намешавад. Дар ҳоли ҳозир маълум нест, ки Шайкеновро ба чи айбдор мекунанд.

"Tengri Bank" дар вартаи муфлисшавӣ буда, додгоҳи Алмато қарори қатъи иҷбории фаъолияти онро 15 феврали имсол содир кардааст.

Оҷонси назорат ва рушди бозори молии Қазоқистон моҳи сентябри соли 2020 "Tengri Bank"-ро аз ҳаққи амалиёти бонкӣ маҳрум ва онро ба нақзи пайвастаи меъёрҳои бонкӣ айбдор намуд.

Яке аз мудирони пешин "Tengri Bank" Алмос Бакитов ва раҳбари яке аз бахшҳои он Тогжан Рахметов ибтидои соли равон аз сӯи Оҷонси назорати молии Қазоқистон дар пайгарди қонунӣ қарор дода шуданд.

XS
SM
MD
LG