Ссылки доступа

Блогнависи маъруфи қирғизистонӣ бо далелҳои амниятӣ тарки Қирғизистон кард


Юлия Барабина, блогнависи маъруфи қирғизистонӣ хабар дод, ки баъди кофтукоби манзилаш дар шаҳри Бишкек иҷборан тарки Қирғизистон кардааст.

Барабина ва се тани дигар аз тими интихоботии номзад ба мақоми президентӣ Абдил Сегизбоевро рӯзи 3 феврал дар кумитаи давлатии амнияти миллии он кишвар бозпурсӣ карданд.

Сегизбоев, раиси пешини КДАМ-и Қирғизистон, ки президенти кунунӣ Содир Ҷабборовро дар ҷараёни интихоботи ахири президентӣ танқид кард, боздошт шудааст. Ӯро дар фасодкорӣ гумонбар мекунанд.

Барабина рӯзи 15 феврал гуфт, мақомот хабар додаанд, ки сокинон аз болои онҳо шикоят кардаанд. Ба иттилои мақомот, сокинон гуфтаанд, "дар маводҳои нашкардаи тими Сегизбоев ангехтани бадбинии милливу мазҳабӣ ҷо дорад".

Барабина мегӯяд, иттиҳоми мазкур ангезаи сиёсӣ дорад. Барабина дар матлабҳояш бештар президентҳои пешин ва президенти кунунии Қирғизистон Ҷабборов, фасодкорӣ миёни мансабдоронро интиқод мекунад.

Барабина гуфт, бо беҳ шудани вазъ дубора ба Қирғизистон бармегардад.

XS
SM
MD
LG