Ссылки доступа

Ҳукми зиндони мухолифи пешини Қирғизистон бекор шуд


Додгоҳи олии Қирғизистон ҳукми зиндони чанде аз мухолифонро бекор кард, ки соли 2017 бо айби омодагӣ ба табаддулоти давлатӣ боздошт шуда буданд.

Расонаҳо менависанд, ҳукми ширкатдорони парвандаи маъруф ба "Порлумони мардумӣ": ноиб-сарвазири пешин Бекболот Талгарбеков, мухолифони ҳукумат Толубой Колубоев ва Марат Султонов бекор шуд.

Бекболот Талгарбеков ва Торобой Кулубоев 14-солӣ ва Марат Султонов 10 сол зиндонӣ шуда буд.

Ин афрод аъзои ҳаракати "Порлумони мардумӣ" буданд ва истеъфои президенти вақти Қирғизистон Алмосбек Отамбоевро талаб карданд.

Дар моҳи апрели соли 2016 "Порлумони мардумӣ" эълом крад, ки бо талаби истеъфои президент 10 ҳазор одамро ба майдон мебарорад. Моҳи майи соли 2016 мақомоти Қирғизистон роҳбарони "Порлумони мардумӣ"-ро боздошт карданд.

Аммо маҳкумшудаҳо гуфтанд, парвандаи онҳо ангезаи сиёсӣ дорад.

XS
SM
MD
LG