Ссылки доступа

Марги як зани 26-сола дар Узбекистон баъди истеъмоли помидори консервшуда


Дар вилояти Ҷиззахи Узбекистон баъди истеъмоли консерва се аъзои як хонавода заҳролуд шуданд. Зани 26-солаи ин хонавода вафот кардааст.

Ба иттилои расонаҳо, келини хонавода, соли таваллудаш 1995 тоб наоварда, дар бемористон вафот кардааст. Ҳамроҳ бо вай шавҳар ва падаршӯяш бистарӣ шудаанд.

Гуфта мешавад, он зан сарфи назар аз дарди вазнин давоми 1,5 рӯз ба бемористон муроҷиат накардааст.

XS
SM
MD
LG