Ссылки доступа

Дар натиҷаи сӯхторе дар Қазоқистон як тифл ба ҳалокат расид


Дар натиҷаи як оташсӯзӣ дар маҳаллаи Қизилжармаи Қазоқистон шаби 18 феврал тифле ба ҳалокат расидааст. Он шаб дар дохили хонаи оташгирифта, модар ва чаҳор хоҳари тифл низ буданд, ки наҷот дода шуданд.

"Он шаб модар ҳамроҳи панҷ фарзанди худ дар хона ва падари кудакон дар сафар будааст. Модар тавонистааст, танҳо чаҳор нафарро наҷот диҳад", - изҳор дошт сухангӯи Идораи ҳолатҳои фавқулодаи вилояти Қизилордаи Қазоқистон Алия Ережепова.

Ба гуфтаи Ережепова, се дарсади бадани модар сӯхтааст. Ҳамчунин як кудаки ӯ, соли таваллудаш 2018 осеби сабук бардоштааст.

Сабабҳои сӯхтор тафтиш мешавад.

XS
SM
MD
LG