Ба иттилои манбаъ, ҷасади духтарро бо гардани бурида ҳафтаи гузашта дар манзиле дар хиёбони Степан Разини шаҳр пайдо карда буданд. Қотили эҳтимолии духтар 11 феврал дар натиҷаи як амалиёти кормандони пулис дар манзили иҷорааш дастгир шудааст.
"У муқобилият нишон надод. Гумонбар иқрор кард, ки духтарро барои пул куштааст. Даст доштани вай дар ҷиноятҳои дигар низ таҳқиқ мешавад", - иттилоъ додааст манбаи E1.RU.
E1.RU навиштааст, ки шахси гумонбар дар қатли духтари туркман як шаҳрванди Қирғизистон аст, ки пештар барои нигаҳдории маводи мухаддир суд шудааст.