Ссылки доступа

Вазорати молия 5 миллиард сомонӣ қарзи "Барқи Тоҷик"-ро бахшидааст


Иллюстративное фото
Иллюстративное фото

Ширкати “Барқи тоҷик” хабар дод, ки ҳукумат соли гузашта ҳудуди 5 миллиард сомонӣ қарзи ин ширкатро дар назди вазорати молия бахшидааст.

Рустам Маҷидзода, сардори департаменти иқтисод ва хизматрасонии "Барқи тоҷик" рӯзи 17-уми феврал зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, ин маблағ аз ҳисоби татбиқи созишномаҳои қарзӣ кам карда шуд.

Масъули ширкати «Барқи тоҷик» гуфт: «Ин маблағҳо аз ҳисоби қарздории ширкат бароварда шуда ҳамзамон ҳамчун ҳиссаи ҳукумати Тоҷикистон ба фонди оиномавии ширкат гузаронида шуд. Ин бениҳоят дастгирии хуб шуд барои ширкати барқи тоҷик ва мо тавонистем, ки нисбати солиҳои пешин қарзи ширкатро ба маблағи 5 миллиард сомонӣ кам намоем».

Вазъи молиявии "Барқи Тоҷик" ширкати монополисти давлатӣ дар бозори нирӯи барқ солҳост ногувор мемонад. Ба ҳолати оғози соли 2020 қарзи ин ширкат ба беш аз 26 миллиард сомонӣ ё муодили 2 миллиарду 600 миллион доллар баробар буд. Рустам Маҷидзода афзуд, ки қарзи умумии ширкат аз вазорати молия аз ҳисоби татбиқи созишномаҳои дигар 22 миллиард сомонӣ боқӣ мондааст: «Аз нерӯгоҳҳои "Сангтӯда-1" як миллиарду 555 миллион сомонӣ, "Сангтӯда-2" 2,2 миллиард сомонӣ ва аз конҳои ангишт 123 миллион сомонӣ қарздор аст».

Маҷидзода илова кард, ки ширкати «Барқи тоҷик» феълан аз андоз қарздор набуда соли 2020, бештар аз 435 миллион сомонӣ маблағи андози ҷориро пардохт кардааст. Ҳамчунин ширкат аз ниҳодҳои қарздор аз «Барқи тоҷик»-ро ном бурд.

Ба гуфтаи масъулин бузургтарин қарздор дар миёни ширкатҳои қарздор ширкати алюминийии тоҷик будааст, ки аз "Барқи тоҷик" 390 миллион сомонӣ қарздор аст. Ҳамчунин қарзи аҳолӣ аз ин ширкат як миллиарду 342 миллион сомониро ташкил медиҳад ва қарзи қувваи барқ 3,1 миллиард сомонӣ аст, гуфтанд масъулони ширкат.

Ширкати "Барқи тоҷик" мегӯяд, соли гузашта ба хориҷ 1 миллиарду 536 миллион киловат соат нерӯи барқ содир кардааст. Аммо ба гуфтаи масъулони ширкат, ин миқдор неруи содиротӣ нисбат ба як соли пеш хеле кам аст.

Мирзо Исмоилзода, раиси ширкати "Барқи тоҷик" гуфт, ки онҳо аз соли 2019 ба хориҷ тақрибан 1 миллиарду 400 миллион киловат соат нерӯи барқ камтар содир кардаанд, ки барои ширкат бештар аз 38 миллион доллар зарар овардааст. "Сабаби ин маҳдуд гардидани захираҳои обӣ-энергетикӣ аз ҳисоби кам гардидани маҷрои дарёи Вахш ва вобаста ба ин ғайриимкон гардидани ҳаҷми пешбинишудаи содироти нерӯи барқ ба хориҷ мебошад" - гуфт Исмоилзода.

Ширкати "Барқи тоҷик" ягона ширкате аст, ки ба ҷуз аз вилояти Бадахшон, дигар минтақаҳои Тоҷикистонро бо барқ таъмин мекунад. Ин ниҳод борҳо аз сӯи коршиносон барои ношаффоф будани фаъолияташ мавриди интиқод қарор гирифтааст.

Масъулини ширкат ҳамеша ин интиқодҳоро рад кардаанд. Коршиносон борҳост, ки "Барқи тоҷик"-ро ба мудирияти нодуруст ва фасод муттаҳам мекунанд ва мегӯянд, то замоне, ки аввалӣ дуруст ва дуввумиро решакан накунанд, ҳеҷ марҳаме дарди ширкатро дармон намебахшад.

Ба сабаби қарзи зиёди ин ширкати давлатӣ ва шикоят аз кори он, баъд аз даҳ соли баҳсу баррасиҳо дар ниҳоят "Барқи тоҷик"-ро ба се бахш тақсим карданд. Бино бар тарҳи ислоҳоти сохтори "Барқи тоҷик" ду бахши дигари он "Шабакаҳои тақсимоти барқ" ва "Шабакаҳои интиқолдиҳандаи барқ" минбаъд мустақил кор мекунанд.

XS
SM
MD
LG