Ссылки доступа

Дар бетартибиҳои Сатпаеви Қазоқистон 56 кас айбдор мешавад


Додгоҳи шаҳри Сатпаеви Қазоқистон баррасии парвандаи пурсарусадои бетартибии оммавиеро оғоз кард, ки шаби 24 июли соли 2020 баъди рабудан ва таҷовуз шудани кӯдаки панҷсола дар шаҳр сар зада буд.

Дар курсии айбдорӣ 54 нафар, аз ҷумла се ноболиғ нишастааст. 44 гумонбар дар ҳабси пешакӣ буда, боқӣ дар ҳабси хонагиянд ё ба шарти берун нарафтан аз маҳалли зист озод карда шудаанд.

Ҷамъан дар бетартибиҳои мазкур 56 нафарро айбдор мекунанд. Ду каси онҳо таҳти пайгарди қонунӣ қарор доранд.

Вакилони дифои аксари гумонбарон 18 феврал хостанд, ҳукми ҳабси пешакии шахсони зери ҳимояашон тағйир дода шавад, зеро онҳо ягона ноновари хонавода мебошанд. Бархе вакилон гуфтанд, зерҳимояҳои онҳо дар бетартибӣ ва латтукӯби кормандони пулис даст надоранд.

Вале айбдоркунандаи давлатӣ гуфт, бетартибиҳои Сатпаев вокуниши тунди ҷомеаро дар пай дошта, он ҳамчун ҷинояти сангин баррасӣ мешавад. Бинонбар ин, аз додрас хост, гумонбарон дар ҳабс бимонанд. Додрас низ ин дархостро қонеъ кард.

Шаби 24 июли имсол беш аз 100 сокини шаҳри Сатпаев баъди шунидани хабари рабудан ва таҷовуз шудани кӯдаки панҷсола ба кӯча баромада, даст ба бетартибӣ заданд. Яке аз ҷамъшудаҳо шишаи хонаи марди гумонбарро шикаст ва дигарон аз пулис талаб карданд, ки вайро ба ихтиёри онҳо супоранд.

Ҷасади сокини 62-солаи шаҳри Сатпаеви Қазоқистонро, ки бо гумони рабудан ва таҷовуз кардани кӯдаки панҷсола боздошт шуда буд, рӯзи 6 октябр дар боздоштгоҳи муваққатӣ пайдо карданд.

Мақомот гуфтанд, ӯ худкушӣ кардааст.

XS
SM
MD
LG