Ссылки доступа

Ноиб-сарвазири Узбекистон табибонро ба ҷамъоварии пору водор кард


Кормандони Хадамоти беҳдоштиву эпидемиологии Узбекистон гуфтанд, бо дастури ноиб-сарвазири он кишвар Шуҳрат Ғаниев як ҳафта аст, ки дар ба дари мардум мегарданд ва пору ҷамъ меоранд.

Кормандони хадамоти мазкур садои ноиб-сарвазирро дар даст доранд, ки вай дар ҷаласае як ҳафта пеш кормандони беҳдоштиро дастури ҷамъоварии пору додааст.

"Кормандон бояд ба хонаи сокинон даромада, поруро берун оранд ва деҳқонон онро ба заминҳои кишт баранд. Деҳҷонон иҷозаи ворид шудан ба хонаи сокинонро надоранд ва аз ҳамин хотир кормандони соҳаи тиб бояд ба хонаи сокинон дароянд", - омадааст дар сабти садое, ки кормандони хадамоти беҳдоштӣ дар ихтиёр доранд.

Ҳамакнун бо дастури ноиб-сарвазир, кормандони хадамоти беҳдоштӣ ба ҷамъоварии пору машғуланд. Кормандони ин бахши тиб мегӯянд, ҷамъоварии пору барояшон душвор аст, зеро сокинон розӣ намешаванд, ки онро бидиҳанд, дар заминҳои худ истифода мекунанд.

Бо дастури Шуҳрат Ғариев, ҳар кадом ноҳия вазифадор шудааст, ки дар рӯзи 400-500 тонна пору ҷамъ орад.

Ин ҳам дар ҳолест, ки Шавкат Мирзиёев, президенти Узбекистон 12 ноябри соли 2020 фармон дод, кормандони соҳаи тиб ба машғулиятҳои берун аз касбашон ҷалб нашаванд. Барои вайрон кардани ин фармон ҷавобгарӣ пешбинӣ шудааст.

XS
SM
MD
LG