Ссылки доступа

Ҳукумати Узбекистон се корхонаи марбут ба бародарон Шодиевҳоро давлатӣ кард


Ҳукумати Узбекистон созишномаи шарикии давлатӣ бо бахши хусусиро бо ширкати SFI Management Group бекор кард.

Ширкати SFI Management Group корхонаи оҳангудозӣ, ширкати металҳои ранга ва комбинати куҳиву металлургиро дар ихтиёр дошт.

Тошканди расмӣ мегӯяд, Узбекистон комбинати металлургиро соли 2017 ва комбинати куҳиву металлургии Алмалику корхонаи коркарди металҳои рангаро соли 2018 ба ширкати SFI Management Group дода буд. Ин ширкатро Кобул Шодиев, бародари сарватманд Фаттоҳ Шодиев роҳбарӣ мекунад.

Манобеи огоҳ гуфтанд, муносибати Шодиевҳо бо роҳбарияти Узбекистон бад шудааст ва ба ихтиёри давлат баргардонидани се корхонаи бузург ба ҳамин далел аст.

XS
SM
MD
LG