Ссылки доступа

Дар Қирғизистон мехоҳанд, роҳи "судшудаҳо"-ро ба президентӣ банданд


Вазорати умури дохилии Қирғизистон пешниҳод кардааст, ки ба қонунҳои ин кишвар дар бораи интихоботи президентӣ, вакилони порлумон, маҷлисҳои маҳаллӣ тағйирот ворид карда шавад. Лоиҳаи қонунҳои нав ба баррасии ом пешниҳод шудааст.

Аз ҷумла пешниҳод шудааст, шахсе, ки барои содир кардани ҷиноят ба нафъи гуруҳҳои муташаккилу ҷиноӣ ё дар ҳайати онҳо суд шудааст ва ё ҳамчун раҳбари гуруҳи ҷиноӣ дар қайд қарор дорад, президент ё вакили порлумони Қирғизистон шуда наметавонад.

Дар мавриди интихоботи вакилони маҷлисҳои маҳаллӣ пешниҳод шудааст, ки ҳама номзадҳо бояд бо ироаи маълумотнома исбот кунанд, ки ҳамчун раҳбар ё узви гуруҳи ҷиноӣ дар қайд нестанд..

Вазорати умури дохилии Қирғизистон изҳори нигаронӣ кардааст, ки "гуруҳҳои муташаккили ҷиноӣ ба ҳамаи бахшҳои иқтисодӣ, сиёсӣ ва динии кишвар дахолат карда, вақтҳои ахир ягон маъракаи интихоботӣ бидуни намояндаи олами ҷиноӣ тақрибан баргузор намешавад".

XS
SM
MD
LG