Ссылки доступа

Мақомоти Қирғизистон гуфтанд, хабари гаравгонгирии шаҳрванди он кишвар дар Тоҷикистон дурӯғ аст


Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон рӯзи 22 феврал иттилоъ дод, хабари гаравгонгирии як шаҳрванди он кишвар, гӯёи аз сӯи мақомоти Тоҷикистон, дурӯғ ё фейк аст.

Хабари гаравгонгирии як шаҳрванди Қирғизистон дар Тоҷикистон дар миёни корбарони шабакаҳои иҷтимоии Қирғизистон баҳсҳои тундеро ба бор овард.

Ба иттилои КДАМ-и Қирғизистон, рӯзи 16 феврал 5 шаҳрванди Қирғизистон барои вайрон кардани марзи давлатӣ дар ҳудуди Тоҷикистон боздошт шуданд. Ин шаҳрвандон ҳангоми интиқоли 900 кг металл, 2 сар гов ва 3 сар моли майда боздошт шуданд.

"Нисбати ин шаҳрвандон аз сӯи мақомоти Тоҷикистон тафтишот идома дорад. Дар ҳоли ҳозир оид ба баргардонии онҳо ба Қирғизистон гуфтугӯҳо идома доранд", - хабар додааст КДАМ-и Қирғизистон.

Рӯзи 22 феврал дар назди бинои ҳукумати вилояти Бодканд наздикони шаҳрвандони дар Тоҷикистон боздоштшуда гирдиҳамоӣ ташкил карданд. Онҳо аз мақомоти маҳаллӣ хостанд, ки наздиконашонро аз Тоҷикистон баргардонанд. Омурбек Суваналиев, намояндаи масъули вилояти Бодканд дар мулоқот бо гирдиҳамомадагон гуфт, ки "шаҳрвандони Қирғизистон дар Тоҷикистон гаравгон нестанд". Вай афзуд, ҷарима барои убури ғайриқонунии марз 250-300 ҳазор сом (тақрибан 30-35 ҳазор сомонӣ)-ро ташкил медиҳад.

Тӯли марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон 976 км-ро ташкил медиҳад, ки аз ин ҳамагӣ 519 км муайян ва аломатгузорӣ шудааст.

XS
SM
MD
LG