Ссылки доступа

Зидди кормандони Маркази онкологии Тошканд парванда боз шуд


В Генпрокуратуре заявили, что уголовное дело возбуждено 2 февраля.
В Генпрокуратуре заявили, что уголовное дело возбуждено 2 февраля.

Додситонии кулли Узбекисттон зидди кормандони Маркази илмии онкологӣ ва радиологии шаҳри Тошканд парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

Ба огаҳии додситонӣ, парванда бар асоси банди "Дуздӣ ё азхудкунӣ тавассути сӯистифода аз мақом" боз шудааст. Дар Додситонии кулли Узбекистон гуфтанд, ки тафтиши парванда зери назорати ин ниҳод аст.

Чанде пеш муроҷиати видеоии як гуруҳи табибони Маркази илмии онкологӣ ва радиологии Тошканд нашр шуда буд.

Дар ин муроҷиатнома гуфта шуд, ки бархе аз беморон ба далели норасоии маблағ натавонистанд сари вақт ҷарроҳӣ шаванд. Ҳамчунин доруҳои гаронеро, ки аз сӯи давлат ройгон дода мешаванд, на ҳама беморон дарёфт мекунанд.

XS
SM
MD
LG