Муаллифон таваҷҷуҳи бинандаҳоро ба ороиши гаронарзиши хона, майдони футбол, ҳавзи шиноварӣ ва толори варзишии он ҷалб мекунанд.
"Ҷило ва фақр дар канори Бишкек. Мо муқоиса кардем, ки мансабдори гумонбар ба фасодкорӣ ва мардуми одӣ чи гуна зиндагӣ мекунанд. Дар натиҷа дар ҳайрат мондем", - мегӯяд рӯзноманигор.
Ба иттилои Factcheck.kg, Матраимов 13 майи соли 2019 ин хонаро ба номи шарики тиҷорияш Нурбек Осмонов гузарондааст. Дертар бародари Нурбек - Айбек Осмонов, муассиси Ҳизби "Мекеним Қирғизистон" ва "Ийман Нуру" гуфт, ки Матраимов ба онҳо фишор меорад.
Рӯзноманигорон муайян кардаанд, ки дертар соҳиби ин хона дусти хонаводаи Матраимовҳо ва раиси Бонки рушди Авруосиё дар Қирғизистон Нурлан Акматов шудааст.
Номи Райимбек Матраимов, ки бо лақаби "Раим миллион" низ маъруф аст, дар силсилаи таҳқиқоти рӯзноманигории бахши қирғизии Радиои Озодӣ, OCCRP ва Kloop зикр шудааст. Бино бар он, хонаводаи Матраимовҳо дар чанд соли охир зиёда аз 700 миллион долларро "ғайриқонунӣ" аз Қирғизистон ба хориҷ бурдаанд.
Баъди нашри таҳқиқот зидди Матраимов парвандаи ҷиноӣ боз шуд. Ӯ ва наздики 40 мансабдори Хадамоти гумруки Қирғизистон дар ташкили нақшаи коррупсионии даромади пинҳонӣ аз ҳисоби гумрук айбдор шуданд.
Додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкек Раимбек Матраимовро дар фасодкорӣ айбдор эълом ва 260 ҳазор сом ($3 ҳазор) ҷарима ва қарори ҳабси дороиҳои ӯ, аз ҷумла хонаҳояш дар шаҳри Бишкеку Ӯш, вилояти Иссиқкӯлу ҳисобҳои бонкияшро бекор кард.
Худи Матраимов гуноҳро ба гардан гирифта, гуфт, бо муфаттишон ихтиёрӣ ҳамкорӣ кардааст. Матраимовро гӯиё барои он танҳо 260 ҳазор сом ҷарима карданд, ки пештар ба давлати Қирғизистон 23,6 миллион доллар ҷуброни зарар аз фасодкорияшро пардохтааст.
Вале Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон 19 феврал хабар дод, ки муовини пешини раиси Хадамоти гумруки ин кишвар Раимбек Матраимов дубора бо гумони пулшӯӣ дастгир карда шуд.