Дар сафорати Русия дар шаҳри Душанбе гуфтанд, ки қисми зиёди ин кумакҳо ба ҷануби Тоҷикистон фиристода шуд. Ҷамъан 22 ҳазор хонаводаи ниёзманди тоҷик кумак дарёфт хоҳанд кард.
Расонаҳо соли гузашта хабар доданд, ки Русия барои рушди низоми ғизои мактабӣ дар Тоҷикистон 21 миллиону 200 ҳазор доллар ҷудо мекунад. Ҳамчунин президенти Русия Владимир Путин ваъда дод, ки ҳамаи хонандагони синфҳои ибтидоии кишвараш на дертар аз 1 сентябри соли 2023 бо ғизои гарми ройгон таъмин хоҳанд шуд.