Ссылки доступа

Қирғизистон воксини русии "Спутник V"-ро сабт кард


Мақомоти тиббии Қирғизистон воксини зидди коронавируси русии "Спутник V"-ро сабти ном карданд.

Ба иттилои маркази матбуотии вазорати тандурустии Қирғизистон, сабти номи ин воксин маънои онро дорад, ки дар фурсатҳои наздик воксинзании сокинон шуруъ хоҳад шуд.

Пештар аз ин Бунёди русии сармоягузории мустақим гуфт, воксини "Спутник V" дар 95 дарсади ҳолатҳо коро аст.

Ҳанӯз дар моҳи ноябри соли 2020 ҳукумати Қирғизистон гуфта буд, ки барои харидории воксини русии "Спутник V" бо ҷониби Русия гуфтугӯ доранд.

Баъдтар ҳукумати Қирғизистон хабар дод, дар ибтидои моҳи март дар ин кишвар воксинзании сартосарӣ шуруъ мешавад.

Ба иттилои мақомоти тандурустии Қирғизистон дар ин кишвар то рӯзи 23 феврал 86 ҳазор ҳолати гирифторӣ ба коронавирус сабт шудааст. Аз оғози пандемия то ҳол дар он кишвар 1 460 кас аз ин вабо фавтидааст.

XS
SM
MD
LG