Ссылки доступа

Зане, ки дар Русия роҳбари космодром буд, раиси ширкати Uzbekistan Airports таъйин шуд


Раъно Ҷӯраева раиси мудирони ширкати Uzbekistan Airports таъйин шуд. Ба навиштаи расонаҳо, Ҷӯраеваро рӯзи 22 феврал сарвазири Узбекистон Абдулло Орипов ба ҷамъи кормандони ширкат муаррифӣ кардааст.

Раъно Ҷӯраева, хатмкардаи Донишкадаи авиатсионии Москва аст, ки унвони номзади илмҳои техникиро дорад. Ба ҷуз ин, Ҷӯраева чанд маълумоти дигари олӣ дорад.

То таъйин шудан ба мақоми роҳбарии Uzbekistan Airports Раъно Ҷӯраева мудири Маркази истифодаи иншооти заминии зерсохтори кайҳонӣ (ширкати марбут ба Роскосмос) буд. Вай ҳамзамон ба ҳайси мудири кулли ширкати "С7 низоми нақлиёти кайҳонӣ" (S7 Space) фаъолият кардааст.

XS
SM
MD
LG