Ссылки доступа

Қотили рӯзноманигор дар Малта 15 сол зиндонӣ шуд


Дафне Каруана Галиция
Дафне Каруана Галиция

Додгоҳе дар Малта ҳукми қотили рӯзноманигор Дафне Каруана Галитсияро содир кард. Винсент Маскат айбро эътироф ва 15 сол зиндонӣ шуд.

Дафне дар таркиши мошинаш рӯзи 16 октябри соли 2017 кушта шуд. Сокинони Малтаро ин ҳодиса ба ташвиш овард.

Маскат яке аз се айбдоршаванда аст, ки мошини Дафнеро бомбгузорӣ карданд. Ибтидо вай айбро рад, аммо баъдтар розӣ шуд, ки бо тафтишот ҳамкорӣ кунад.

Бародарон Жорж ва Алфред Деҷорҷио айби эъломшударо рад карданд. Сарфи назар аз ин, додгоҳ онҳоро низ зиндонӣ кардааст.

Дафне дар бораи фасодкорӣ дар ҳукумати Малта мақола менавишт. Вай пеш аз қатлаш ду маротиба ҳабс ва даҳ бори дигар дар додгоҳ муҳокима шуд.

Таҳқиқи куштори Дафне дер давом кард. Дар соли 2019 чанд вазир, аз ҷумла раиси ҳукумати Малта Ҷозеф Маскат дар робита ба куштори Дафне ба истеъфо рафтанд.

XS
SM
MD
LG