Ссылки доступа

Путин: ҳифзи мақоми забони русӣ дар Қирғизистон муҳим аст


Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов 24 феврал бо ҳамтои руси худ Владимир Путин дар шаҳри Москва дидору гуфтугӯ кард.

Ба иттилои сомонаи Кремл, Путин Ҷабборовро ба муносибати корро ба ҳайси президенти Қирғизистон оғоз кардан табрик карда, изҳори умедворӣ намудааст, ки ӯ "метавонад вазъи сиёсии дохилии кишварашро ба эътидол орад".

Ҷабборов низ дар навбати худ бовар кунонидааст, ки Қирғизистон "барои ҳамкорӣ бо Русия ҳамеша омодааст" ва аз Путин даъват намудааст, ки сафари расмиеро ба Бишкек анҷом диҳад.

Путин дар вохӯрӣ масъалаи мақоми забони русӣ дар Қирғизистонро ҳам матраҳ кардааст. "Яке аз ҳолатҳое, ки дар муносибатҳои дуҷонибаи мо хеле муҳим мебошад, ин аст, ки шумо мақоми давлатии забони русиро ҳифз кардед. Ин ҳам барои мо ва ҳам барои шаҳрвандони Қирғизистон муҳим аст. Зеро он дар бозори кори Русия бартарии хосеро фароҳам мекунад. Мо низ аз ҷониби худ тамоми талошҳоро мекунем, то қирғизистониҳо тавонанд забони русиро дар ватанашон омӯзанд. Дар ин замина нақшаҳои мушаххас ҳастанд ва болои онҳо кор хоҳем кард", - изҳор дошт Путин.

Нашрияи ҳукуматии Қирғизистон "Сухани Қирғизистон" 19 феврал матлаби Ҷабборовро нашр кард. Дар ин матлаб омадааст, ки "Қирғизистон солҳои тӯлонӣ бо Русия "дасти ба даст" зиндагӣ ва рушд карда, забони русӣ на танҳо забони расмӣ, балки забони гуфтугӯии миёни миллатҳо дар он кишвар аст". Ҷабборов гуфтааст, мақоми забони русӣ дар қонунгузории Қирғизистон ба таври устувор дарҷ шуда, худи ӯ "зидди ҳама гуна талошҳо барои сиёсӣ гардонидани ин масъала дар кишвараш аст".

Президенти Қирғизистон дар доираи як сафари расмии дурӯза 24 феврал вориди шаҳри Москва шуд.

XS
SM
MD
LG