Ссылки доступа

Президенти Қирғизистон ба Узбекистон меравад


Вазорати умури хориҷии Қирғизистон иттилоъ додааст, ки президенти ин кишвар дар доираи як сафари расмӣ ба Узбекистон хоҳад рафт.

Муовинони аввали вазирони умури хориҷии Қирғизистону Узбекистон -- Нуран Ниёзалиев ва Фарҳод Арзиев 22 феврал дар як мулоқоти онлайнӣ омодагиҳо ва масоили марбут ба ин сафарро баррасӣ кардаанд.

Дар ҳоли ҳозир маълум нест, ки сафари Ҷабборов ба Узбекистон кай сурат мегирад. Ҷабборов корро ба ҳайси президенти Қирғизистон охирҳои моҳи январ оғоз карда, 24 феврал дар доираи нахустин сафари расмии худ озими шаҳри Москва шуд.

XS
SM
MD
LG