Аъзои "Ҳаракати озодибахши Ватан" макон ва замони баргузории нофармонии худро пешакӣ эълом намекунанд. Эътирозгарон дар истгоҳи метро дари вагонҳоро баста, ба ронандагон иҷозат надоданд, ки ҳаракат кунанд.
Маъмурони пулис ҳаракат дар баъзе аз кӯчаҳои Ереванро барқарор ва чандин эътирозгарро боздошт карданд. Нашрияи "Ахбори Арманистон" иттилоъ додааст, ки фаъолон хиёбонҳои бастаро кушоданд.
Пештар сомонаи президенти Арманистон хабар дод, ки муовини аввали сардори Ситоди кулли Қувваҳои мусаллаҳи ин кишвар Тиран Хачатрян аз мақом барканор шудааст. Қарори барканории Хачатрян баъди интиқоди ӯ аз суханҳои Никол Пашинян дар бораи нокоромадии маҷмааи мушакии "Искандар"-и Русия расонаӣ шуд.
Дар Арманистон эътирозҳо бо талаби истеъфои сарвазир чандин рӯз мешавад, ки идома доранд. Ахиран даҳҳо мухолифи Пашинян ба Донишгоҳи давлатии Ереван ба зурӣ ворид шуда, синфхона ба синфхона донишомӯзону омӯзгоронро ба тазоҳурот даъват карданд.