Ссылки доступа

Нигарониҳо аз баландшавии оби зеризаминӣ дар ҷануби Қазоқистон


Баландшавии сатҳи оби зеризаминӣ дар ноҳияи Сӯзаки вилояти Туркистони Қазоқистон боиси осеб дидани чандин манзили зист дар деҳаи Жеткиншек шудааст.

Ба гуфтаи сокинони деҳа, девори даҳҳо хона кафида, аз ду манзили зист фурӯ рафтааст. "Сатҳи оби зеризаминӣ се сол мешавад, ки боло меравад. Ба ҳукумати ноҳия борҳо гуфтем, вале гӯш накарданд. Девори хонаҳо ҳоло кафида, таҳхонаҳо валангор шудаанд. Мо аз бонк қарз гирифта, хона бунёд карда будем ва зоҳиран дар кӯча хоҳем монд", - мегӯяд сокини Жеткиншек Бакит Калиева.

Дар ҳукумати ноҳияи Сӯзак баландшавии сатҳи оби зеризаминиро дар Жеткиншек тасдиқ карда, гуфтанд, раванди берун кашидани оби зеризаминӣ дар минтақаи мазкур аз сӯи мутахассисон аллакай 22 феврал оғоз шудааст. Вале сатҳи об то ба ҳол поин нарафтааст.

Муовини раиси Сӯзак Бекзат Алмаганбет гуфт, дар пайи шикояти сокинон аз фурӯ рафтани девори хонаҳояшон як комиссия ташкил шуда, тамоми манзилҳои зисти осебдидаро меомӯзад.

XS
SM
MD
LG