Ссылки доступа

Ҷеенбеков ва Отунбоеваро аз унвони президенти пешини Қирғизистон маҳрум карданианд


Роза Отунбаева и Сооронбай Жээнбеков
Роза Отунбаева и Сооронбай Жээнбеков

Дар Қирғизистон пешниҳод доранд, ки Сооронбой Ҷеенбеков ва Роза Отунбоева аз унвони президенти пешини ин кишвар маҳрум карда шаванд.

Фаъолон ба ҷонибдорӣ аз пешниҳоди мазкур аллакай 15 ҳазор имзо ҷамъ кардаанд. Ба гуфтаи онҳо, ин ду президенти пешини Қирғизистон ба дахлнопазирии якумрӣ, нафақаи баланд ва имтиёзҳои дигар, ки харҷҳои ҳангуфтеро барои буҷаи давлат дар пай доранд, арзанда нестанд.

Яке аз сабабҳои талаби маҳрум кардани Ҷеенбеков аз унвони президенти пешини Қирғизистон ҳаводиси моҳи октябри соли 2020 номида мешавад. Ба гуфтаи пешниҳодгарон, маҳз ҷонибдории Ҷеенбеков аз фасодкорон ва сохтакориҳои густарда дар интихоботи порлумонии соли гузашта боиси сар задани бетартибиҳои моҳи октябр шудааст.

Кто такой Сооронбай Жээнбеков
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:02:21 0:00

Ҷеенбеков баъди ҳаводиси моҳи октябри соли 2020 таҳти фишори эътирозгарон аз мақом истеъфо дода буд.

Як гуруҳ аз фаъолони дигар барои маҳрум кардани Роза Отунбоева аз унвони президенти пешин имзо ҷамъ доранд, ки баъди ҳаводиси моҳи апрели соли 2010 президенти муваққати Қирғизистон интихоб шуда буд. Блогер Чингиз Капаров гуфт, ҳифзи унвони президенти пешин барои Отунбоева маъно надорад, зеро вайро мардум интихоб накарда буданд.

"Ҷеенбеков 296 ҳазор ва Отунбоева 140 ҳазор сом нафақа мегиранд. Барои харҷҳои дигари онҳо низ миллионҳо сом ҷудо мешавад. Яъне, солона барои ду президенти пешин 280 ҳазор доллар аз ҳисоби пули мардум ҷудо мекунанд. Ин ғайриқонунӣ аст. Бинобар ин, мардум пешниҳоди моро ҷонибдорӣ карда, имзо мегузоранд", - мегӯяд блогер.

Экс-президент Кыргызстана Отунбаева – о бывшем президенте Атамбаеве
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:02:41 0:00

Вале бояд гуфт, ки президентҳои пешини Қирғизистон бе ҷамъоварии имзо низ аз унвони мазкур маҳрум хоҳанд шуд. Порлумони Қирғизистон лоиҳаи Конститутсияи нави ин кишварро баррасӣ дорад, ки дар он барои президентҳои пешин ҳеч гуна унвон ё имтиёзе пешбинӣ нашудааст.

XS
SM
MD
LG