Ссылки доступа

Нависандагони қазоқистонӣ аз Тоқаев хостанд, шоири дигарандеш Арон Атобакро аз зиндон озод кунад


Як идда аз нависандагон ва зиёиёни қазоқистонӣ бо навиштани номае бозе аз президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев хостанд, ки шоири дигарандеш Арон Атобакро аз зиндон озод кунад.

Атобак бештар аз 14 сол аст, ки дар зиндон аст.

Нусхаи номаи боз бо имзоҳои фарҳангшинос Мурод Ауэзов, шоир Олжас Сулаймонов, раиси Иттифоқи нависандагони Қазоқистон Улуғбек Есдаулат, рӯзноманигор Гулҷон Ергалиев ва дигарон дар сомонаи Abai.kz нашр шудааст.

Арон Атобак, ба гуфтаи зиёиён, бо "айбҳои сохта" баъди воқеаҳои соли 2006 дар Шанирак ба 14 соли зиндон маҳкум шуд. Айни ҳол сиҳатии вай бад шуда, ба табобат ниёз дорад.

"Марди куҳансол, ки ба наздики 70-сола мешавад. Ҳатто дасташро боло бардошта наметавонад, фишори хун дорад, қалбаш дард мекунад, устухонҳояш ба дард даромадаанд, хатаре ба ҷонаш мавҷуд аст. Хуб мешуд, агар қаҳрамони мардумиро аз зиндон озод мекардед ва барои табобаташ шароит фароҳам меовардед. Ҷаноби президент, коре кунед, ки дар назди наслҳои оянда шармсор нашавем", - омадааст дар нома.

Соли 2006 мақомоти Қазоқистон хостанд, чанд манзилро дар атрофи шаҳри Алмато тахриб кунанд. Сокинон муқовимат нишон доданд. Он замон як корманди пулис кушта шуд. Мақомот дар куштори вай чанд сокин, аз ҷумла шоир Атобакро айбдор карданд.

XS
SM
MD
LG