Дар ин бора аз вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон хабар доданд.
Садҳо тан аз қазоқтаборони чинӣ, ки дар солҳои охир барои зиндагии доимӣ аз Чин ба Қазоқистон кӯч бастаанд, мегӯянд, наметавонанд, бо пайвандони дар Шинҷони Чин боқимондаашон дидор бинанд ва ё пайваст шаванд. Ба гуфтаи онҳо, хешовандонашон дар Чин зери назорат ва ё дар ҳабси хонагӣ ҳастанд ва иҷозаи берун шудан аз Чинро надоранд.
Се ҳафта пайи ҳам дар шаҳри Алматои Қазоқистон назди консулгарии Чин қазоқтабороне гирдиҳамоӣ ташкил мекунанд, ки аз Шинҷони Чин ба Қазоқистон кӯч бастаанд. Қазоқтаборон мегӯянд, пайвандонашон дар Чин зери фишор ва таъқиб ҳастанд, дар лагерҳои бозтарбия фаро гирифта шудаанд ё дар зиндон қарор доранд.
Кормандони консулгарии Чин ба мулоқоти гирдиҳамомадагон намебароянд. Гирдиҳамомадагон озодии пайвандонашонро дар Чин талаб доранд.
Созмони Милал ҳисоб кардааст, ки дар Шинҷон 1 миллион уйғурҳо ва мусалмонҳои дигар дар “қароргоҳҳои зиддиифротгароӣ” нигаҳдорӣ мешаванд. СММ инчунин мегӯяд, як миллион аҳолии дигар маҷбуран ба "марказҳои бозтарбия" андохта шудаанд.
Вазорати корҳои хориҷии Амрико ҳам гуфтааст, тахминан 2 миллион уйғурҳову намояндагони дигари қавму миллатҳои бумии Шинҷон ба муассисаҳои бо номи "марказҳои бозтарбия" дар қаламрави ин вилоят бурда шудаанд.
Чин пойфишорӣ мекунад, ки ин муассисаҳо “марказҳои тарбиявӣ” буда, барои аз терроризму ифротгароӣ поккорӣ шудани инсонҳо ва ба ҷомеаи маҳаллӣ мутобиқ кардани онҳо амал мекунанд.