Ссылки доступа

Пулиси Мянмар зидди эътирозгарон аз силоҳи оташфишон кор гирифт


Рӯзҳои шанбе ва якшанбе дар бисёре аз шаҳрҳои Мянмар иқдомҳои эътирозӣ идома карданд. Дар шаҳрҳои Янгон, Тавой ва Мандалай дар рӯёрӯӣ бо пулис на камтар аз 18 кас кушта, бештар аз 30 кас захмӣ шудааст.

Пулис аз силоҳи оташфишон, тирҳои резинӣ ва гази ашковар истифода кард. Дар ин бора расонаҳо бо Комиссари олии СММ дар умури ҳуқуқи инсон хабар медиҳанд.

Мухолифон мардумро ба эътирози густарда, бо ҳадафи барканории низомиён аз қудрат ва озодии Аун Сан Су Чжӣ, даъват доранд.

Пулис бо дастури низомиён роҳбари ғайрирасмии кишвар - Аун Сан Су Чжӣ ва президенти Мянмар Вин Минро ба ҳабси хонагӣ гирифтанд. Дар Мянмар барои як сол вазъи фавқулода ҷорӣ шудааст. Дар шаҳрҳои бузург аз соати 8 шом то 4 субҳ қуюди шабгардӣ эълом шудааст.

Аун Сан Су Чжӣ, ки дар ҳабси хонагӣ аст, дар интиқол, нигаҳдорӣ ва истифодаи ғайриқонунии мухобирот (ратсия), вайрон кардани дигар қонунҳои содирот ва санадҳои ҳуқуқӣ айбдор мешавад.

Артиши Мянмар ваъдаи баргузории интихоботи нави порлумониро додааст, аммо маълум нест, интихобот кай баргузор мешавад. Генералҳои Мянмар мегӯянд, натиҷаи интихоботи гузашта омехтаи тақаллуб будааст, ки дар он ҳизби Аун Сан Су Чжӣ "Лигаи миллии ҳаводори демократия" пирӯз шуд.

Соли 2011 роҳбарони низомии Мянмар, ки аз соли 1962 қудратро дар даст доштанд, зери фишори байналхалқӣ розӣ шуданд, ки ба идораи демократӣ гузаранд. Низомиён дар иваз 25 дарсади курсҳои порлумон ва назорати сохторҳои низомиро талаб карда буданд.

Ҳизби Аун Сан Су Чжӣ он замон дар интихоботи порлумонӣ пирӯзӣ ба даст оварда буд.

"Лигаи миллии ҳаводори демократия", ҳизби Аун Сан Су Чжӣ, дар интихоботи порлумонии соли 2020 низ пирӯзӣ ба даст овард ва тасмим дошт, ки бидуни дахолати низомиён ҳукуматро ташкил диҳад.

XS
SM
MD
LG