Ссылки доступа

"Сарзамини бодиянишинон" ва "Борат-2" соҳиби "Кураи тилоӣ" шуданд


Филми коргардони амрикоӣ Хлоя Чжао бо номи "Сарзамини бодиянишинҳо" дар бахши беҳтарин филми драмавӣ соҳиби ҷоизаи "Кураи тилоӣ" шуд. Дар ин бора зимни маросими 78-уми супоридани ҷоизаҳои филмҳои беҳтарин хабар доданд.

Муаллифи филм низ дар бахши "Беҳтарин коргардон" ҷоизаро ба даст овард.

Чедвик Боузман ҳам баъди маргаш соҳиби ҷоизаи "Кураи тилоӣ" шуд. Ӯро барои нақшаш дар филми "Ма Рейни: Мат блюза" беҳтарин ҳунарманди филми драмавӣ эълом карданд. Беҳтарин зани ҳунарманд дар филми драмавӣ Андра Дэй эълом шуд. Сабаби соҳиби ҷоиза шудани ӯ нақшофарияш дар филми "ИМА зидди Билли Холидей" гаштааст.

Филми "Борат 2"-и коргардони Ҷейсон Уолинер дар бахши беҳтарин филми ҳаҷвӣ "Кураи тилоӣ"-ро ба даст овардааст. Беҳтарин марди ҳунарманди филми ҳаҷвӣ Саша Барон Коэн эълом гашта, Розамунд Пайк ҳам барои нақшаш дар филми "Аферистка" унвони беҳтарин зани ҳунармандро касб кардааст.

"Кураи тилоӣ"-ро дар бахши беҳтарин филм бо забони хориҷӣ филми "Минарӣ"-и коргардони Ли Айзек Чун ба даст овардааст.

Маросими 78-уми супоридани ҷоизаи "Кураи тилоӣ" ба иллати пандемияи коронавирус онлайнӣ баргузор шуда, муҷриҳо Тина Фей ва Эми Полер онро аз студияҳои алоҳида, аз Ню-Йорку Лос-Анҷелес пеш бурданд.

XS
SM
MD
LG