Ссылки доступа

Президенти Қирғизистон бо сафари давлатӣ ба Қазоқистон меравад


Содир Ҷабборов, президенти Қирғизистон рӯзҳои 2-3 март бо сафари расмӣ ба Қазоқистон меравад.

Достон Дюшекеев, як масъули дастгоҳи президенти Қирғизистон гуфт, Ҷабборов дар ин сафар бо ҳамтои қазоқистониаш Қосимҷомарт Тоқаев гуфтугӯи дуҷониба мекунад.

Ҷабборов ҳамчунин бо президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, раиси порлумони Қазоқистон Нурлан Нигматулин ва сарвазири Қазоқистон Аскар Мамин мулоқот хоҳад кард.

Интихоботи президентии Қирғизистон рӯзи 10 январи соли ҷорӣ баргузор шуд. Як рӯз баъд аз интихобот президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев ба Ҷабборов тамос гирифт ва ӯро бо пирӯзиаш дар интихобот табрик ва ҳамзамон ба Қазоқистон даъват кард.

XS
SM
MD
LG