Ссылки доступа

Раиси ҷумҳури собиқи Фаронса ба 3 соли зиндон маҳкум шуд


Николя Саркози
Николя Саркози

Додгоҳи Фаронса, раиси ҷумҳури собиқ Никола Саркозиро бо гуноҳи ришвахорӣ ва сӯистифода аз нуфузаш ба 3 соли зиндон маҳкум кард.

Бар асоси ҳукме, ки рӯзи 1-уми март содир шуд, Никола Саркозӣ бояд 1 солро дар зиндон сипарӣ кунад ва 2 соли дигараш зиндони шартист. Сиёсатмадори собиқ, ки иттиҳомотро беасос номидааст, барои шикоят аз ин ҳукм 10 рӯз фурсат дорад.

Додситонҳои фаронсавӣ ба додрас гуфтанд, собит кардаанд, ки раиси ҷумҳури собиқи 66-сола саъй кардааст, аз роҳи пешниҳоди вазифаи баланд дар Монако аз додрас Гилберт Азиберт доир ба тафтишоти шеваҳои маблағгузории маъракаи интихоботиаш иттилло ба даст биёрад.

Ба гуфтаи додситонҳо, онҳо маълумот дар бораи талоши сӯистифода аз мақом ва ришвахориро дар суҳбати телефонии Саркозӣ ва вакили собиқи дифоаш ба даст овардаанд. Суҳбати ду тараф пас аз соли 2012 баъди анҷоми давраи раёсати ҷумҳурии Никола Саркозӣ сурат гирифтааст. Раиси ҷумҳури собиқро ҳамроҳ бо вакили собиқаш ва додрас Гилбер Азиберт муҳокима кардаанд.

XS
SM
MD
LG