Ссылки доступа

Президенти Қирғизистон гуфт, интихоботи порлумонӣ дар кишвараш тирамоҳ баргузор мешавад


Содир Ҷабборов, президенти Қирғизистон гуфт, ки интихоботи порлумонӣ дар кишвараш тирамоҳи соли ҷорӣ баргузор мешавад.

Ҷабборов дар ин бора дар мусоҳиба расонаҳо хабар дод. Мусоҳибаи вай рӯзи 1 март нашр шуд.

"Ба зудӣ интихоботи маҳаллӣ баргузор мешавад. Раъйпурсӣ барои ислоҳи Конститутсия дар назар аст. Тирамоҳ интихоботи порлумонӣ баргузор хоҳад шуд", - гуфт Ҷабборов.

Аммо ҳамоно маълум нест, ки дар чи санае интихобот баргузор хоҳад шуд. Қирғизистон баъди интихоботи порлумонии тирамоҳи соли 2020 ба буҳрони сиёсӣ гирифтор шуд: эътирозҳои зидди натиҷаҳои интихоботи порлумонӣ ба фурӯ рехтани ҳукумат ва истеъфои президенти вақти Қирғизистон Сооробой Ҷеенбеков хатм шуданд.

Ҷабборов яке аз чанд тан сиёсатмадороне буд, ки дар эътирозҳои мардумӣ, шаби 5 ба 6 октябри соли 2020 аз зиндон озод шуд. Ӯро бо айби гаравгонгирӣ 10 сол зиндонӣ карда буданд.

Ҷабборови 52-сола дар интихоботи президентии 10 январи имсол пирӯз шуд.

XS
SM
MD
LG