Ссылки доступа

Дар Узбекистон нахустин ваксинаи зидди СOVID-19 ба қайд гирифта шуд


Дар Узбекистон 1 март нахустин ваксинаи зидди коронавирус ё СOVID-19 ба қайд гирифта шуд. Дар ин бора аз Оҷонси рушди соҳаи дорусозӣ дар назди Вазорати тандурустии он кишвар хабар доданд.

"Имрӯз ваксинаи ZF-UZ-VAC 2001 зидди намуди нави коронавирус барои истифода дар таҷрибаи тиббӣ ба қайд гирифта шуд. Рақами қайди он "DV/X 08646/03/21" аст", - омадааст дар иттилоияи оҷонс.

Ваксинаи мазкурро ширкати чинии Zhifei Longcom Biopharmaceutical Co. Ltd сохтааст. Вале Узбекистон бо назардошти иштироки фаъол дар озмоишҳо ва саҳмгузорӣ дар пажӯҳиши клиникӣ яке аз созандагони он эътироф шудааст. Ин ваксина бо унвони ZF-UZ-VAK 2001 ба фурӯш хоҳад баромад.

"Дар ҳоли ҳозир маълум нест, ки ин ваксина дар куҷо истеҳсол хоҳад шуд", - гуфта буд сухангӯи Вазорати рушди инноватсионии Узбекистон Назокат Азим ҳафтаи гузашта.

Нархи ваксинаи ZF-UZ-VAK 2001 ҳам муайян нашудааст.

XS
SM
MD
LG