Ба Украина ду киштии замонавии Mark VI, ки барои посбонии соҳилҳо пешбинӣ шудаанд, дастгоҳҳои гуногун, аз ҷумла дастгоҳи дарёфту коркарди тасвирҳои моҳвораӣ ва таҷҳизоти тиббӣ дода мешавад
Ин нахустин кумаки низомӣ ба Украина аст, ки аз сӯи маъмурияти президент Ҷо Байден тасдиқ мешавад. Дар бораи додани ду киштӣ ба Украина ҳанӯз тобистони соли гузашта хабар дода шуда буд. Департаменти давлатии ИМА гуфт, киштиҳо ба Украина дар посбонии обҳои соҳилӣ мусоидат мекунанд. Украина ингуна киштӣ шаш то дошт.
Конгресс барои ҷудо кардани кумаки низомии иловагӣ дар ҳаҷми 150 миллион доллар иҷозат додааст. Киев ин кумакро баъди он дарёфт хоҳад кард, ки Департаменти давлатӣ ва Пентагон бигӯянд, Украина дар самти ислоҳоти низомӣ ба пешрафтҳои назаррасе ноил шудааст. Вазорати дифои ИМА аз Украина даъват дорад, ислоҳотеро густардатар кунад, ки назорати шаҳрвандон бар нерӯҳои мусаллаҳро тақвият мебахшад.