Ссылки доступа

Зидди блогери боздоштшудаи узбек Отабек Сатторӣ айбҳои нав эълом шуд


Вазорати умури дохилии Узбекистон зидди Отабек Сатторӣ, блогер аз вилояти Сурхандарёи ин кишвар, ки бо гумони тамаъҷӯӣ боздошт шуда буд, бо бандҳои нав -- "таҳқир" ва "туҳмат" айб эълон кардааст.

Дар иттилоияи вазорат аз 1 марти соли равон омадааст, ки ин айбҳо зидди блогер 24 феврал расман эълом ва аллакай тафтишоти пешакӣ анҷом шудааст.

Наздикони Сатторӣ мегӯянд, беш аз як моҳ мешавад, ки наметавонанд ба назди блогер роҳ ёбанд.

Сатторӣ 29 январи соли ҷорӣ дар шаҳри Термизи он кишвар боздошт шуда буд. Дертар ӯро ба тамаъҷӯӣ айбдор карданд. Додгоҳи шаҳри Тирмиз 1 феврал қарори ба ҳабси пешакӣ гирифтани блогерро содир кардааст.

Отабек Саттории 40-сола раиси вилояти Сурхандарёро сахт танқид карда буд. Ӯ дар яке аз навиштаҳои ахираш мақомоти маҳаллиро ба боз кардани парвандаҳои сохта зидди блогерон айбдор карда, гуфт, "бо вуҷуди таъқибҳо" бозтоби фасодкории мансабдоронро идома медиҳад.

Ахиран "Кумитаи ҳимоят аз рӯзноманигорон" (Committee to Protect Journalists, CPJ) аз мақомоти Узбекистон хоста буд, ки блогнавис Отабек Сатториро аз боздошт раҳо кунанд.

XS
SM
MD
LG