Ссылки доступа

Қирғизистону Қазоқистон сохтмони маркази ҳамлу нақлро дар марз метезонанд


Содир Ҷабборов, президенти Қирғизистон рӯзи 2 март дар доираи сафари давлатиаш ба Қазоқистон бо ҳамтои қазоқаш Қосимҷомарт Тоқаев мулоқот кард.

Ба иттилои маркази матбуотии президенти Қирғизистон, ҷонибҳо дар бораи тақвияти ҳамкориҳои баъдӣ табодули афкор ва масоили муҳими минтақавиву байналхалқиро баррасӣ кардаанд.

"Ба ҳукуматҳои ду кишвар дастур шуд, ки сохтмони маркази ҳамлу нақли колоро дар марз тезонанд", - омадааст дар хабар.

Ҷабборов ҳамчунин аз ҳамтои қазоқистониаш даъват кардааст, ки аз Қирғизистон дидан кунад. Тоқаев ин даъватро пазируфтааст.

Ҷабборов дар доираи сафари дурӯзааш ба Қазоқистон бо президенти пешини он кишвар Нурсултон Назарбоев, раиси порлумони Қазоқистон Нурлан Нигматулин ва сарвазир Аскар Мамин мулоқот хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG