Ссылки доступа

Узбекистон 24 шаҳрвандашро аз Афғонистон овард


Рӯзи 2 март болои пули Хайратон, ки вилояти Сурхандарёи Узбекистонро бо Афғонистон мепайвандад, амалиёти "Меҳр-4" сурат гирифт.

Расонаҳо навиштанд, дар ин амалиёт 24 шаҳрванди Узбекистон аз Афғонистон баргардонида шуданд. Аз ин шумор 19 тан ноболиғ ҳастанд.

Ба навиштаи расонаҳо, дар солҳои 2017-2018 бо кӯмаки мақомоти Афғонистон 86 шаҳрванди Узбекистон ба кишварашон баргардонида шудаанд. Ҳамаи онҳо дар сафи ҷангҷӯён меҷангиданд.

8 декабри соли 2020 дар доираи амалиёти "Меҳр-3" 98 шаҳрванди Узбекистон, аз ҷумла 25 зан ва 73 кӯдак аз Сурия баргардонида шуданд.

Дар моҳи октябри соли 2019 бошад, мақомоти Узбекистон дар доираи амалиёти "Меҳр-2" 39 писар ва 25 духтареро аз Сурия ба Узбекистон оварданд, ки бе падару модар монда буданд. Нахустин гуруҳи узбекистониҳо иборат аз 156 зану кӯдак аз Сурия дар доираи амалиёти "Меҳр" 30 майи соли 2019 оварда шуданд.

XS
SM
MD
LG