Ссылки доступа

Вакили қирғизистонӣ: дар тарҳи нави Конститутсия президент ҳеч масъулияти шахсӣ надорад


Дар порлумони Қирғизистон вакилон рӯзи 3 март ба баррасии раъйпурсии тарҳи нави Конститутсия пардохтанд.

Дар Қирғизистон пешниҳод доранд, ки раъйпурсӣ рӯзи 11 апрел - ҳамзамон бо интихоботи маҳаллӣ баргузор шавад.

Вакили порлумони Достон Бекешев талаб кард, ки номи ташаббускорони тарҳи нави қонун эълом шавад. Вай ҳамзамон суол гузошт, ки чаро Шӯрои Конститутсионӣ ҳаққи ворид кардани тағйирот ба тарҳи Конститутсияро дорад, аммо порлумон ин ҳақро надорад.

"Бо ин тарҳ шумо вазъро бадтар мекунед - озодии баён маҳдуд мешавад, ҳокимияти додгоҳӣ вобаста мешавад, ба додситонӣ салоҳиятҳои зиёд медиҳед. Дар ҳолати зарурӣ президент ҳамаи масъулиятро бар дӯши раиси девони вазирон во мегузорад. Ин фиреб аст. Президент ҳеч масъулияти шахсӣ надорад. Агар вай ҷинояте содир кард, мо чи гуна метавонем, истеъфои ӯро талаб кунем? Танҳо бо роҳи инқилоб ва табаддулот!", - гуфт Бекешев.

Бархе аз вакилони порлумони Қирғизистон гуфтанд, дар тарҳи нави Конститутсия ихтилофҳои ҷиддӣ ва камбудҳои ҳуқуқӣ ҷо дорад. Вакилон гуфтанд, тарҳи Конститутсия набояд дар ин шакл ба раъйпурсии умум гузошта шавад.

XS
SM
MD
LG