РАО/РО аз болои ҳукми зинаи поёнӣ ба зинаи болоӣ шикоят бурд. Додгоҳи зинаи поёнӣ рӯзи 10 феврал радиоро бар асоси даъвои Роскомнадзори Русия ҷарима баст. Роскомнадзор талаб дорад, ки РАО/РО бар асоси тартиби нав, дар ҳамаи хабару гузоришҳояш тамғаи "агенти хориҷӣ"-ро занад.
"РАО/РО қатъиян бо ҷаримаи басташуда розӣ нест. Мо ба қарори ахири додгоҳ ҳам розӣ нестем, ки даъвои моро дар мавриди бекор кардани ҷарима бе тағйир боқӣ гузошт. Фармони нави Роскомнадзор ҳамлаи давлатӣ ба озодии расонаҳо, вайронсозии Конститутсияи Русия ва дигар қонунҳои он кишвар аст", - изҳор дошт Ҷеймӣ Флай, президенти РАО/РО.
Ба гуфтаи Флай, талаби мақомоти Русия дар мавриди тамғагузорӣ дахолат ба фаъолияти рӯзноманигорон дониста мешавад ва аз сӯи дигар муносибати аудиторияро ба фаъолияти Радиои Озодӣ, телевизиони "Настоящее Время" ва дигар расонаҳои Радио сард мекунад.
Флай гуфт, сарфи назар аз таъқиби додгоҳӣ ва фишори Кремл, РАО/РО аудиторияи худро дар Русия тарк намекунад. Нуфузи РАО/РО дар ҳоли афзоиш аст: дар маҷмуъ дар ду моҳи соли 2021 ба сомонаи русии Радиои Озодӣ бештар аз 32 миллион бинанда сар задааст.
Бино ба талаби Роскомнадзор, тарҳҳои Радиои Озодӣ дар Русия бояд дар ибтидои ҳама гуна барномаҳои аудиоӣ порчаи 15-дақиқаии садоиро дар бораи агенти хориҷӣ будани радио нашр кунанд. Ҳамчунин бояд дар барномаҳои видеоӣ навиштаи агенти хориҷӣ ҷо дода шавад. Ҳамзамон бояд дар маҳсулоти матнӣ, ҳам дар сомона ва ҳам дар шабакаҳои иҷтимоӣ, сарфи назар аз ҳаҷми матн, навиштаи агенти хориҷӣ нашр шавад.
Дар моҳҳои декабри соли 2020 ва январи соли 2021 Роскомнадзор РАО-РО-ро огоҳ кард, ки нисбати он 260 парвандаи маъмурӣ тартиб ва 142 ҷарима баста шудааст. Маҷмуи ҷаримаҳои нисбати РАО/РО ба бештар аз 70 миллион рубл расидааст. Намояндагони Роскомнадзор гуфтанд, қонунгузорӣ ба онҳо иҷозат медиҳад, ки ҳаҷми ҷаримаҳоро афзоиш диҳанд ва ҳамчунин сомонаи РАО/РО банданд.
Радиои Озодӣ ва чанд тарҳи он дар Русия дар соли 2017 шомили рӯйхати "агентҳои хориҷӣ" шуданд. Расонаҳое, ки шомили ин рӯйхат шудаанд, вазифадоранд, дар бораи фаъолияти худ ҳисоби молӣ супоранд ва маҳсулоташонро тамғагузорӣ кунанд. РАО/РО талаботи мақомоти Русияро аз соли 2017 ба ин тараф иҷро мекунад, аммо бар ин назар аст, ки талошҳои мақомоти Русия дар ин самт "хатарнок буда, ба таъқиби рӯзноманигорон равона шудааст. Ҳамаи ин ба он хотир аст, ки шаҳрвандони Русия танҳо иттилои аз сӯи Кремл тасдиқшударо дастрас кунанд". РАО/РО борҳо зикр кардааст, ки дахолати сиёсиву маҳдудсозиро аз сӯи ҳеч ҷонибе қабул надорад.