Ссылки доступа

Баъди садамаи домоди Мирзиёев дар хадамоти муҳофизати президенти Узбекистон тафтиш шуруъ шуд


Як манбаъ гуфт, дар Хадамоти давлатии муҳофизати президенти Узбекистон баъди садамаи Отабек Умаров, домоди президенти он кишвар, тафтиш шуруъ шудааст.

Ба иттилои манбаъ, дар ҳоли ҳозир варзишкороне, ки бо Умаров пойга ташкил карда буданд, зери назорат гирифта шудаанд. Ин варзишкорон дар "Вайрон кардани тартиби бехатарии ҳаракат дар роҳ ва ё истифодаи воситаи нақлиёт" гумонбар мешаванд.

Мирзиёв дастур додааст, ки дар бораи фаъолияти домод ва муҳофизаш дар моҳҳои охир гузориш таҳия карда шавад.

Ба гуфтаи манбаи дигар, мототсикле, ки Умаров бо он садама кард, дар лаҳзаи садама бо суръати 180 км дар соат ҳаракат мекард.

Отабек Умарови 36-сола баъди садама, ки шоми 13 феврал рух дод, 15 феврал бо як ҳавопаймои махсус нахуст ба Москва ва баъдан ба Куриёи Ҷанубӣ интиқол дода шуд.

Отабек Умаров солҳои 2012 то 2016 дар Сеул, пойтахти Куриёи Ҷанубӣ фаъолият дошт ва бо забони куриёӣ озодона суҳбат мекунад. Вай баъди садама гуфтааст, мехоҳад дар Куриёи Ҷанубӣ табобат гирад.

Отабек Умаров, ки ҳамзамон муовини сардори Хадамоти амнияти роҳбари давлати Узбекистон аст, шоми 13 феврал дар маркази шаҳри Тошканд ба садамаи автомобилӣ дучор шуд.

Манобеъ мегӯянд, Отабек Умаров бо мототсикл садама карда ва пояш ҷароҳат бардоштааст.

Ба иттилои манобеъ, ӯро нахуст дар беморхонае дар Тошканд бистарӣ ва пояшро шаш соат ҷарроҳӣ кардаанд. Гуфта мешавад, пои рости вай аз 3 ҷо шикастааст.

Сомонаи flightaware.com, ки ба пайгирии парвози ҳавопаймоҳо машғул аст, нишон медиҳад, ҳавопаймои як ширкати хусусии тиббӣ аз шаҳри Ҳамбурги Олмон ба Тошканд омада, рӯзҳои 14 ва 15 феврал дар фурудгоҳи Тошканд қарор доштааст.

Пештар аз ин дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабари бо суръати баланд рондани нақлиёт аз сӯи Отабек Умаров нашр мешуд. Тобистони соли 2019 вай дар кӯчаҳои Тошканд мошини навъи Tesla-ро бо суръати 200 км/соат ронд ва барои ин амал бештар аз 200 доллар ҷарима шуд.

XS
SM
MD
LG