Ссылки доступа

Дар натиҷаи пахши намоишҳои эътирозӣ дар Мянмар рӯзи чаҳоршанбе 38 одам кушта шуд


Дар Мянмар рӯзи чаҳоршанбе низомиён гирдиҳамоии эътирозии зидди ҳукумати низомиёнро пароканда карданд. Дар натиҷа 38 одам кушта шуд. Дар ин бора СММ хабар медиҳад.

Ба навишта расонаҳо, рӯзи 3 март хунинтарин рӯзи эътирозҳои мардумӣ зидди ҳукумати низомиён дар Мянмар ба ҳисоб меравад.

Неруҳои низомӣ зидди гуруҳи эътирозгарони аз силоҳи оташфишон тир кушодаанд. Ҳадди ақал ду тан аз кушташудаҳо ноболиғ ҳастанд.

Дар Мянмар рӯзи 1 феврал табаддулоти низомӣ сурат гирифт. Дар натиҷа сокинон ба нишони эътироз зидди табаддулоти низомиён ба кӯча баромаданд ва озодии мансабдорони ҳабсшударо талаб карданд. Миёни ҳабсшудаҳо - роҳбари ҳизби "Лигаи миллии ҳаводори демократия" Аун Сан Су Чжӣ ҳам ҳаст. Низомиён ҳизби ӯро дар фасодкорӣ дар интихоботи ахири порлумонӣ айбдор мекунанд. Низомиён тасмим доранд, як сол баъд интихоботи нави порлумонӣ баргузор кунанд.

Ба иттилои фиристодаи вижаи СММ дар умури Мянман Кристин Шранер Бургенер, дар як моҳи эътирозҳо бештар аз 50 кас кушта шудааст.

XS
SM
MD
LG