Дар ин бора Абдуқодир Тошқулов, вазири таҳсилоти олӣ ва миёнаи Узбекистон хабар дод.
Вай гуфт, то соли 2025 дар Узбекистон 16 хобгоҳи дигар бунёд мешавад, ки 6750 донишҷӯро бо ҷойи зисти муваққат таъмин мекунад.
Тошқулов гуфт, дар камбуди хобгоҳҳо мустақиман ректорони мактабҳои олӣ айбдоранд. "Донишгоҳҳо барои таъмини донишҷӯён бо хобгоҳ ва сохтмони хобгоҳҳо талош намекунанд", - гуфт вазир.
Масъалаи таъмини донишҷӯён бо хобгоҳ дар Узбекистон баъди он сар зад, ки дар шаҳри Тошканд панҷ донишҷӯ дар хонаи иҷора фавтиданд. Баъди як рӯзи марги панҷ тан як донишҷӯи дигар дар бинои нимасохт, ки онҷо истиқомат мекард, фавтид.