Ссылки доступа

Роҳпаймоии ҳимоят аз ҳуқуқи занон дар Қирғизистону Қазоқистон (видео)


Дар Рӯзи байналмилалии бонувон - 8 март дар Қирғизистону Қазоқистон роҳпаймоии ҳимоят аз ҳуқуқи занон баргузор шуд.

Ба иттилои бахши қирғизии Радиои Озодӣ, фаъолони шаҳрҳои Бишкеку Ӯши Қирғизистон 8 март роҳпаймоӣ баргузор карданд. Таҷаммуъгарони Бишкек аз назди бинои порлумони Қирғизистон то муҷассамаи Уркуя Салиева роҳпаймоӣ карда, баробарии ҳуқуқи занону мардонро дар ҳамаи бахшҳо ва мубориза бо табъизу хушунат алайҳи занонро талаб намуданд.

Соли гузашта дар шаҳри Бишкек 8 март қарор буд, "роҳпаймоии ҳамраъйии занон" баргузор шавад, вале афроди номаълум ба иштирокдорон ҳамла карда, монеи он шуданд. Кормандони пулис низ ба ҷои ҳамлагарон иштирокдоронро боздошт карданд.

Дар шаҳри Ӯши Қирғизистон як гуруҳи фаъолон аз кӯчаи Алишер Навоӣ то ёдгории "ашки модар" роҳпаймоӣ карданд.

Тибқи омори расмӣ, аз аввали соли равон дар Қирғизистон 727 ҳолати хушунати хонаводагӣ ба қайд гирифта шудааст. Бештари ин ҳолатҳо дар шаҳрҳои Бишкек ва вилояти Чуйи он кишвар сабт гаштаанд.

Бино ба гузориши бахши қазоқии Радиои Озодӣ, фаъолони шаҳри Алматои Қазоқистон низ 8 март дар назди муҷассамаи Гандӣ ҷамъ шуданд. Бархе аз онҳо дар даст лавҳаҳо бо шиорҳои сиёсӣ дошта, озодии занонеро талаб мекарданд,ки бар пояи банди "робита бо созмони мамнуъ" зиндонӣ шудаанд.

Шаҳрдории Алмато имсол бори нахуст ба ҳомиёни ҳуқуқи бонувон иҷозат дод, ки ҳамоиш баргузор кунанд. Солҳои пешин фаъолон маҷбур мешуданд, бидуни иҷозат роҳпаймоӣ ё тазоҳурот баргузор намоянд.

Бино ба маълумоти дарёфтӣ, дар Қазоқистон солона ҳудуди 400 занон аз сӯи шавҳарон ё наздикони худ кушта мешаванд.

XS
SM
MD
LG