Бархе аз кишоварзони узбек мегӯянд, ҷудо кардани замин барои ҷавонони бекор аз ҳисоби хоҷагиҳои деҳқонӣ зараровар аст.
"Андози заминро ба монанди пешин мо хоҳем супурд. Дар ҳоле ки мо талош дорем, ҳар як ваҷаб заминро самаранок истифода барем, ҳукумат талаб дорад, ки аз ҳар 10 гектар замин 1 гектар ба ҷавонони бекор дода шавад. Ин ҷавонон бидуни пардохти ҳаққи замин даромади муфт ба даст меоранд. Ин ба кӣ писанд меояд?!", - мегӯяд кишоварзе аз ноҳияи Қошработи вилояти Самарқанд.
Як кишоварзи дигар аз ноҳияи Уйчини Узбекистон гуфт, таҳти фишори мақомоти қудратӣ маҷбур шудааст, ба ҷавонони бекор замин ҷудо кунад.
Президенти Узбекистон 27 январ дар ҷаласае дастур дод, ки ҷавонони бекори ин кишвар бо замин таъмин карда шаванд.
"Бигузор ҳар як кишоварз дугектарӣ - 0,5-гектарӣ ба чаҳор ҷавон замин ҷудо кунад. Ҳар чизе мехоҳанд, кишт кунанд, касе ба онҳо халал нахоҳад расонд", - изҳор дошт Мирзиёев.