Ссылки доступа

Дар Бухоро бо ташаббуси Мирзиёев ба ниёзмандон контейнерҳои тиҷорӣ тақсим мекунанд


Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев ба раисони ноҳияву вилоятҳои ин кишвар дастур додааст, ки нагузоранд нархи 1 метри мураббаи манзил аз 4 миллион сӯм (ҳудуди 400 доллар) боло биравад.

Мирзиёев 3 март дар ҷаласае аз болоравии нархи манзили зист дар Узбекистон изҳори норозигӣ кардааст.

Раиси вилояти Бухоро худи ҳамон рӯз хабар дод, ки ба хонаводаҳои ниёзманди вилоят дар асоси қарзҳои боимтиёз 1000 контейнери махсус тақсим карда мешавад, то тиҷоратеро ба роҳ монанд.

Як корманди ҳукумати вилояти Бухоро ба шарти ифшо нашудани номаш гуфт, тақсими контейнер ба оилаҳои ниёзманд ташаббуси худи президенти Узбекистон аст, ки дар ҷараёни сафараш ба Бухоро баён дошта буд.

Дар корхонаи таъмири техникии Бухоро гуфтанд, дар мавриди омода кардани 1000 контейнери тиҷории сайёр бо ҳукумати вилоят қарордод бастаанд. Намояндагони корхона хабар доданд, ки ин контейнерҳо аз Чин ба Узбекистон интиқол дода шудаанд.

XS
SM
MD
LG