Ссылки доступа

Филми ҳуҷҷатии Nextа дар бораи бойигарии Лукашенко нашр шуд


Лукашенко танцует на новогоднем балу в Минске
Лукашенко танцует на новогоднем балу в Минске

Расонаи мухолифи Белорус - Nexta филми ҳуҷҷатӣ - таҳқиқотеро бо номи "Кони тило" нашр кард, ки дар он президенти ин кишвар Александр Лукашенко ба даст доштан дар фасодкорӣ айбдор мешавад.

Телеграм-канали маъруфи Nexta ҳудуди як ҳафта матлаби наверо нашр накард ва дар бораи тақдири мудири гуруҳ овозаҳои гуногун паҳн шуд. Вале он субҳи душанбе навореро нашр кард, ки дар он гуфта мешавад Nexta тайи ин муддат ба нахустнамоиши филм дар бораи бойигарии Лукашенко омодагӣ медид.

Дар таҳқиқот гуфта шудааст, ки Лукашенко амалан қароргоҳҳои зиёди давлатии Белорус бо шумули Қасри бошукуҳи истиқлоли ин кишварро хусусӣ гардонида, мошин ва техникаҳое, ки барои президент пешбинӣ шудаанд, дар ҳадафҳои шахсияш истифода мебарад. Ҳамчунин гӯиё ӯ соҳибкорони хориҷиро ҳимоят карда, туҳфаҳои гаронбаҳо дарёфт мекунад. Дар филм номи соҳибкори рус Михаил Гутсериев гирифта мешавад.

Вале худи Лукашенко мегӯяд, ҳеч гуна бойигарие надорад ва тақрибан ҳамаи он чизҳое, ки ӯ истифода мебарад, ба давлат тааллуқ доранд.

XS
SM
MD
LG