Ссылки доступа

Дар Қирғизистон мухолифони Конститутсияи нав тазоҳурот карданд


Дар назди бинои порлумони Қирғизистон субҳи 9 март мухолифони тарҳи Конститутсияи нави ин кишвар тазоҳурот баргузор карданд.

Ба иттилои шоҳидон, дар тазоҳурот ҳудудт 50-60 нафар иштирок доштанд. Эътирозгарон бозхонд шудани лоиҳаи Конститутсияи нав ва парокандашавии порлумони амалкунандаро талаб доранд, ки ба гуфтаи онҳо "ғайриқонунӣ аст.

Вакилони порлумони Қирғизистон 3 март қонуни эъломи раъйпурсӣ барои қабули Конститутсияи навро дар қироати аввал ба тасвиб расонданд. Тибқи ин қонун, раъйпурсӣ 11 апрели соли равон баргузор хоҳад шуд.

Дар Конститутсияи нав салоҳиятҳои президент бештар ва таъсис шӯрои мардумӣ пешбинӣ шудааст. Тибқи он, президент раҳбари давлат ва мақомоти иҷроия аст. Мунаққидон мегӯянд, Ҷабборов бо тағйири Конститутсия мехоҳад, қудратро дар Қирғизистон "ғасб" кунад.

Созмони байналмилалии ҳомии ҳуқуқи Human Rights Watch (HRW) ахиран бо нашри изҳороте лоиҳаи Конститутсияи нави Қирғизистонро "поймолкунандаи меъёрҳои ҳуқуқи инсон" номида, хост, он бозхонд шавад.

XS
SM
MD
LG