Ссылки доступа

Ширкати "Мастерская" баъди Путин дар бораи Мирзиёев филм ба навор мегирад


Фильма о Мирзияеве назван "Узбекистан. Обновляющаяся история"
Фильма о Мирзияеве назван "Узбекистан. Обновляющаяся история"

Киностудияи русии "Мастерская" таҳияи филми ҳуҷҷатӣ дар бораи президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёевро оғоз кард. Филм бо фармоиши маъмурияти президенти Узбекистон дар ҳамкорӣ бо "Узбеккино" наворбардорӣ мешавад.

Қарор аст, таҳияи филми мазкур дар арафаи интихоботи президентии Узбекистон дар моҳи августи соли равон ба поён расад.

Ширкати "Мастерская" соли 2015 дар бораи президенти Русия Владимир Путин низ филмеро бо номи "Президент. Таърихи Русияи нав" таҳия карда буд. Мунаққидон онро як "намоиши таблиғотӣ" номиданд.

Ба гуфтаи мунаққиди синамо Акмал Ризоев, ки аз муҳтавои филми таҳияшаванда ошно аст, филм дар бораи Мирзиёев айнан ба монанди филми "Президент. Таърихи Русияи нав" наворбардорӣ хоҳад шуд. Коргардон ва бунёдгузори "Мастерская" Саида Медведева аз шаҳри Алматои Қазоқистон аст.

Медведева барои оғози таҳияи филм аввали моҳи равон вориди шаҳри Тошканд шудааст. Филм бахшида ба 30-солагии истиқлоли давлатии Узбекистон 1 сентябр намоиш дода хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG